Косово гузаргоҳҳои баҳсиро таҳти назорат гирифт

Сарвазири Косово Ҳошим Тоҷӣ гуфт, афсарони пулису гумруки Косово ҳамроҳ бо пулиси ИА дар ҳарду гузаргоҳи баҳсбарангези марзӣ дар марз бо Сербистон мустақар шуданд: "Иҷрои нақша субҳи имрӯз бомуваффақият оғоз ёфт. Афсарони гумруку пулис якҷо бо нирӯҳои EULUX ва KFOR дар ҳарду гузаргоҳи марзӣ мустақар шуданд.” Талоши қаблии мақомоти Косово барои касби назорат бар ин ду гузаргоҳ дар моҳи июл боиси бурузи хушунатҳо ва ҳалокати як маъмури пулис шуда буд. Афсарони пулису гумрук рӯзи ҷумъа ба гузаргоҳҳои Ярние ва Брняк тавассути чархболҳо расонда шуданд. Аммо бо вуҷуди нигарониҳо, дар бораи кадом танише гузориш нашудааст.