Таваррум дар Тоҷикистон 8,5 дарсад ҳисоб шудааст

Бино ба омори расмӣ, мизони таваррум дар Тоҷикистон дар 8 моҳи аввали соли ҷорӣ 8,5 дарсад шудааст. Ожонси омори Тоҷикистон мегӯяд, дар ин муддат қимати ғизо дар кишвар ба ҳисоби миёна 9,5 фоиз, нархи маҳсулоти саноатӣ 5 дарсад ва арзиши хадамот – 11,2 дарсад боло рафт. Ин ниҳод ҳазинаи сабати истеъмолӣ – меъёри ҳадди ақали ғизо барои ҳар як узви хонаводаро дар як моҳ 120 сомониву 24 дирам баровард мекунад. Аммо дар сурати истеъмоли басерии ғизо сабати истеъмолӣ барои ҳар узви хонавода алакай 248 сомониву 44 дирамро ташкил хоҳад дод.