Нирӯҳои ПАД дар Лоҳур машқ хоҳанд кард

Аз 19 то 22 сентябр дар Тоҷикистон таҳти унвони “Марказ-2011”
машқҳои ситодии нирӯҳои муштараки зудамали Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ПАД) дар Осиёи Марказӣ доир хоҳанд шуд. Ин тамринҳоро дар машқгоҳи Лоҳур, марбут ба пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, баргузор хоҳанд кард. Дар айни ҳамин 4 рӯз дар Қирғизистон низяк машқи нирӯҳои зудамали ПАД доир мешавад.
ПАД эътилофи амниятиест, ки Русияву Беларусу Арманистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистонро дар меҳвари Маскав муттаҳид мекунад. Аммо Узбакистон дар ин авохир аз ширкати амалӣ дар машқҳои ПАД худдорӣ меварзад.