Нахустин бор сарвазири Дания як бону мешавад. Ҳелле Сурнин Шмидт ва “Эътилофи сурх”-и марказу чапгарои ӯ ҳукумати сарвазир Ларс Лок Расмуссенро, ки даҳ сол ба Дания сарварӣ кард, шикаст дод. Таҳлилгарон мегӯянд, интихобкунандагон бо эътироз аз вазъи иқтисодӣ зидди ҳукумат раъй доданд. Дания яке аз охирин кишварҳои аврупоист, ки ҳукуматҳояшон ба иллати вазъи иқтисодӣ пурра ё қисман барканор мешаванд.