Путин бо Прохоров мулоқоти ҷудогона доир карданӣ нест

Нишасти хабарии Михаил Прохоров

Сарвазири Русия Владимир Путин бо раҳбари пешини ҳизби «Правое дело» Михаил Прохоров мулоқоти ҷудогона доир карданӣ нест. Дар ин бора сухангӯи сарвазир Дмитрий Песков ба хабаргузории Интерфакс иттилоъ дод ва афзуд, ки Путин аз қазияи ҳизби «Правое дело» огаҳ аст.

Михаил Прохоров баъди аз мақоми раиси ҳизб барканор шуданаш изҳор намуд, ки мехоҳад дар мулоқот бо раисиҷумҳур ва сарвазир ному насаби «гунаҳкор»-и тафриқа дар ҳизбро ошкор созад. Аз ин пештар дар тафриқа дар «Правое дело» ӯ муовини раиси дафтари раисиҷумҳури Русия Владислав Сурковро айбдор карда буд.

Михаил Прохоров ба ҷонибдоронаш хабар дод, ки мехоҳад ҷунбиши нави сиёсиро таъсис кунад.

Дар анҷумани «Правое дело» Андрей Дунаев раиси кумитаи иҷроия ва раиси муваққати ҳизб интихоб шуд.

Қарор аст, ки 20 сентябр вакилони анҷуман феҳристи номзадҳо дар интихобот ба Думаи давлатии Русияро тасдиқ кунанд.