Леон Панетта, вазири дифоъи ИМА, изҳор намуд, ки Вошингтон барои дифоъи низомиёни амрикоии мустақар дар Афғонистон аз ҳамлаи мусаллаҳони покистонӣ аз ҳама чораҳои зарурӣ кор мегирад.
Ин изҳорот дар робита ба ҳамлаи ду рӯзи пеши афроди мусаллаҳ ба сафорати Амрико ва қароргоҳи НАТО дар шаҳри Кобул садо дод. Дар натиҷаи задухӯрд, ки тақрибан 20 соат идома дошт, 16 нафар ба ҳалокат расиданд.
Райан Крокер, сафири Амрико дар Афғонистон, масъулияти ин ҳамларо бар дӯши гурӯҳи фармондеҳ Ҳаққонии мустақар дар Покистон гузошт – ин гурӯҳ бо «Ал-Қоида» ва «Толибон» робита дорад.
Мақомоти Амрико гурӯҳи Ҳаққониро дар ташкили инфиҷор дар як постгоҳи НАТО дар вилояти Вардак ҳам гумонбар мехонанд. Дар ин таркиш, ки рӯзи 10 сентбяр ба вуқӯъ пайваст, чаҳор нафар ба ҳалокат расида, тақрибан сад нафар, аз ҷумла, 77 низомии амрикоӣ ҷароҳат бардошта буданд.