Афви боз 11 тазоҳургар дар Беларус

Лукашенка

Раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка 11 тани дигар аз тазоҳургаронеро, ки дар пайи эътирозҳои пасоинтихобии моҳи декабр зиндонӣ шуданд, афв кард. Дафтари Лукашенка гуфт, ин дастури афв “ба далоили башарӣ” содир шудааст. Дар ҳафтаҳои гузашта Лукашенка 13 нафар аз мухолифинашро низ аз маҳбас раҳо кард, вале 3 рақиби ӯ дар интихоботи 19 декабр дар зиндон боқӣ мемонанд.