Девалватсияи дуввуми рубли Беларус

Беларус имрӯз ба девалватсияи дуввуми пули миллиаш дар соли ҷорӣ роҳ кушод. Дар поёни тиҷоратҳои имрӯза, қурби рубли Беларус қариб 60 дарсади дигар пойин рафта, аз 5347 рубл ба 8600 рубл барои як доллар расид. Минск дар моҳи май низ ба коҳиши 36-дарсадии қурби пули миллиаш иҷозат дода буд. Беларус барои муқобила ба буҳрон аз Сандуқи байналмилалии пул 8 миллиард доллар кумак хостааст. Вале ин ниҳоди молӣ мегӯяд, ки мехоҳад ибтидо аз Минск ваъдаи ислоҳоти бештар бигирад.