Тоҷӣ Сербистонро ба таҳрики хушунатҳо айбдор кард

Ҳошим Тоҷӣ

Сарвазири Косово Ҳошим Тоҷӣ дар таҳияи нақшаи хушунатҳо ба хотири барбод додани қасди мақомоти Косово ба касби назорат бар ду гузаргоҳи марзӣ Сербистонро айбдор кард. Мақомоти албании Косово мехоҳанд дар ду гузаргоҳи марзӣ дар шимоли умдатан сербнишини ие кишвар афсарони пулис ва гумрукро мустақар кунанд. Ҳошим Тоҷӣ гуфт, Белград мехоҳад ба муҷарради шурӯъи ин барнома дар 16 сентябр ба хушунатҳо таҳрик диҳад. Дирӯз раисиҷумҳури Сербистон Борис Тадич аз эҳтимоли бурузи хушунатҳо ҳушдор дод. Чунин иқдоми Косово дар моҳи июл низ мунҷар ба мавҷи хушунат шуда буд.