Душанбе феълан хомӯширо афзал мешуморад

Мавлон Мухторов

Мақомоти Душанбе аз шарҳи гузориши солонаи вазорати хориҷаи Амрико пиромуни вазъи озодиҳои мазҳабӣ худдорӣ мекунанд. Дар ин гузориш Тоҷикистон дар радифи давлатҳое оварда шудааст, ки натавонистаанд мурооти озодиҳои диниро ба қадри кофӣ таъмин кунанд. Аммо Мухтор Мавлонов, муовини раиси кумитаи дини Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Душанбе посухаш ба ин навъ интиқодотро моҳи оянда дар ҳамоиши ҷаҳонии масоили озодии дин дар Варшава хоҳад дод. Бино ба гузориши солонаи вазорати хориҷаи Амрико, вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон дар як соли охир бадтар шуд. Дар ин робита аз ҷумла мушкил шудани сабти номи муассисоти динӣ бо тасвиби қонуни дин, бозгардони донишҷӯёни тоҷик аз мадориси хориҷӣ, манъи таҳсили духтарони ҳиҷобпӯш ва дар бораи занони ҳиҷобпӯш бо истеҳзо сӯҳбат кардани вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов зикр шудааст.