Задухӯрд бо ҷангиёни толиб дар Кобул анҷом ёфт

Камингоҳи чирикиҳо дар ҳамин сохтмон буд

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, задухӯрди якрӯза бо чирикиҳои толиб дар қалби Кобул субҳи имрӯз анҷом ёфт. Чирикиҳо субҳи сешанбе аз як сохтмони нотамоми баландқабата ба мушакборон алайҳи сафорати Амрико ва қароргоҳҳои нирӯҳои таҳти фармони НАТО пардохта буданд. Раҳбари пулиси Кобул Муҳаммадайюби Солангӣ гуфт, баъди қариб як рӯзи набард ҳамаи 6 ҳамлагар кушта шуданд. Сафири Амрико Раян Крокер гуфт, 6 ило 7 хумпора ба қаламрави сафорати Амрико расидааст. Аммо сафорат мегӯяд, ҳеҷ кадом аз ходимонаш осеб надидаанд. Мақомоти афғон қаблан гуфтанд, ки дар ҳамлаҳои Кобул дастикам 9 нафар кушта ва беш аз 20 тан захмӣ шуданд.