Бино ба хабарҳо, аз маркази Кобул, аз манотиқи наздик ба ноҳияи сафоратхонаҳои пойтахти Афғонистон садои таркишҳо ва тирандозӣ ба гӯш мерасад. Пулис ва мақомоти дигари амниятӣ роҳҳои атрофи сафорати Амрико ва сафоратҳои дигарро масдуд кардаанд. Муҳаммадзоҳир, раҳбари бахши таҳқиқоти ҷиноии пулиси Кобул ба Ройтерс гуфтааст, як гурӯҳи мусаллаҳон ба майдони Абдулҳақ ҳамла кардаанд. Аммо ӯ мегӯяд, ҳанӯз рӯшан нест, ки ин афрод ҳамлагарони маргталабанд ё хайр?