Ҳукми 14 соли зиндон ба шаҳрванди 50-солаи Тоҷикистон

Додгоҳи шаҳри Маскав шаҳрванди 50-солаи Тоҷикистон Людмила Антоноваро бо иттиҳоми фурӯш ва қочоқи маводи мухаддир ба 14 соли ҳабс маҳкум кард. Дар муҳокима собит гардид, ки Антонова аз соли 2008 ба ин сӯ бо фурӯши ҳероине дар Маскав машғул будааст, ки барояш аз Тоҷикистон фиристода мешудааст. Пештар шарикони ӯ бо ҳукми Додгоҳи шаҳри Маскав ба муддатҳои аз 13 то 24 сол аз озодх маҳрум шудаанд.