Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал се коршиносро ба таҳқиқи нақзи ҳуқуқ дар Сурия вазифадор кард. Ин созмон, ки 47 кишвари узв дорад, аз коршиносон хост, шароит ва мавридҳои нақзи ҳуқуқи инсон ва омилони ин нақзро муайян кунад, то ба ҷавобгарӣ кашонда шаванд. Кумиссари олии Созмони Милал дар умури ҳуқуқи башар Невӣ Пиллай гуфт, дар хушунатҳои Сурия сар аз моҳи марти имсол ба камияш 2600 нафар кушта шудаанд. Дар ин байн Русия даъвати кишварҳои ғарбиро ба эъмоли фишори бештар бар раҳбарияти Сурия рад кард. Норозиён ва мухолифони давлат дар Сурия ба ин муносибат дар Фейсбук алайҳи Русия Рӯзи хашм эълон кардаанд.