Мулоқоти Дейвид Кемерон бо раиси ҷумҳури Русия

Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё имрӯз бо Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия дар шаҳри Маскав дидору мулоқот кард. Ҳадаф аз ин сафари нахуствазири Бритониё, ки бори аввал дар тайи 5 соли ахир аст, беҳбуди равобити ду кишвар аст, ки соли 2006 баъди марги Александр Литвиненко мунтақиди Кремл дар шаҳри Ландан тира шуд. Русия дар он замон, дархости истирдоди Андрей Луговой, як ҷосуси собиқи КГБ-ро рад кард, ки Бритониё ӯро дар қатли Литвиненко гунаҳкор медонанд. Дмитрий Медведев дар нишасти хабарии муштарак гуфт, Русия ин талабро иҷро нахоҳад кард:"Бар асоси моддаи 61-уми Қонуни Асосии Русия, истирдоди шаҳрванди Русия барои тафтиш ва ё муҳокима ба кишвари хориҷӣ мумкин нест. Ин кор ҳеҷ гоҳ нахоҳад шуд ва мо бояд инро дарк кунем ба он эҳтиром гузорем." Аммо Дейвид Кемерон гуфт, Бритониё барои ба муҳокима кашидани қотили Литвиненко талош хоҳад кард ва афзуд, баррасии қазия муттавақиф нашудааст. Дейвид Кемерон дар як суханронӣ дар Донишгоҳи давлатии Маскав, мушкилот дар равобити Бритониё ва Русияро эътироф кард ва хостории ҳамкории бештари дуҷониба шуд. Қарор аст, имрӯз Дейвид Кемерон бо Владимир Путин, нахуствазири Русия мулоқот кунад. Интизор меравад, миёни ду кишвар дар қарордодҳо бо арзиши 345 миллион доллар имзо шавад.