Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё, имрӯз ба хотири дидору гуфтӯгу бо мақомоти Русия вориди шаҳри Маскав шуд. Ҳадаф аз ин боздид, эҳёи равобит миёни ду кишвар аст, ки соли 2006 баъди марги Александр Литвиненко як мунтақиди Кремл дар шаҳри Ландан тира шуд. Русия дар он замон, дархости истирдоди Андрей Луговой, як ҷосуси собиқи КГБ-ро рад кард, ки Бритониё ӯро дар қатли Литвиненко гунаҳкор медонанд. Дейвид Кемерон дар як суханронӣ дар Донишгоҳи давлатии Маскав, мушкилот дар муносиботи Бритониё ва Русияро эътироф кард ва гуфт:"Албатта ман қабул дорам, ки Бритониё ва Русия чанд муддат муносиботи мушкил доштанд ва мо бояд доир ба ихтилофоти назарамон ошкоро бигӯем. Вале ман имрӯз мехостам ба шеваи нави ҳамкорӣ даъват кунам." Дейвид Кемерон дар ҷараёни сафар бо Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳур ва Владимир Путин, нахуствазири Русия дидору гуфтӯгу кунад. Қарор аст, миёни ду кишвар қарордодҳои тиҷоратӣ бо арзиши 345 миллион доллар имзо шавад.