Ифшокунандаи консерваҳои сагии сарбозон ба зиндон афтод

Майор Игор Матвеев аз Вазорати умури дохилаи Русия, ки иддао кардааст ба яке аз қисмҳои низомии сарбозон хӯроки саг дода мешуд, барои вайронкунии қоидаҳои низомӣ ва сӯиистифода аз қудрат ба чор соли зиндон маҳкум шуд. Моҳи июн Матвеев дар интернет навори видеоиеро нашр кард, ки дар он хӯроки саг дар қуттиҳои консерва чун хӯроки захиравии сарбозон намоиш дода мешуд.

Илова ба ин, ӯро барои латукӯби як афсар дар моҳи феврал айбдор мекунанд, ки ба қавли Матвеев бо қочоқи маводи мухаддир машғул будааст. Додситонӣ мегӯяд, ки Матвеев қиссаи консерваҳои сагиро ба хотири ба дигар тараф бурдани таваҷҷӯҳи бадарфториҳояш бо афсар эҷод кардааст. Худи Матвеев қабл аз мурофиаи додгоҳӣ рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон чунин гуфт:

"Сохторҳои додситонии низомӣ ва ҳам додгоҳ корро чунон печида карданд, ки дастёбӣ ба ҳақиқат мушкил мешавад ва собит кардани гунаҳгори аслии латукӯби прапоршик Луканин душвор хоҳад шуд”.


Дар ҳукми додгоҳи Владивосток инчунин гуфта мешавад, ки Матвеев аз мартабаи низомӣ маҳрум шуда дар ҳаҷми 25 ҳазор рубл ҷаримабандӣ мешавад.