қарор аст, 9-уми сентябр, дар рӯзи истиқлолияти миллии Тоҷикистон дарозтарин парчами ҷаҳон дар маркази Душанбе, пойтахти кишвар ба мазҳари ом гузошта шавад. Ин парчам 2011 метр дарозӣ ва 860 килограмм вазн дошта, пешниҳод шудааст, ба китоби рекордҳои Гиннес ворид гардад. Аммо бино ба хабарҳо, мухолифон дар Сурия парчамеро ба намоиш гузоштанд, ки 6 километр дарозӣ доштааст. Муаррифии парчами Тоҷикистон дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки кишвар рӯзи 30-юми августи соли равон Тоҷикистон бо баландтарин милаи парчам – 165 метр ба китоби рекордҳои Гиннес шомил гашт.