Бо ҳалокати 43 бозигари хоккейи Русия дар суқути ҳавопаймо, Федератсиюни байналмилалии хоккей, рӯзи чаҳоршанберо “як рӯзи сиёҳ” барои бозии хоккей дар ҷаҳон хонд. Дирӯз ҳавопаймои Як-42 Русия ҳангоми бархостан аз фурудгоҳи вилояти Ярославл, суқут кард ва 43 бозигар, мураббиёни дасти Локомотив ва халабонҳои ҳавопаймо кушта шуданд. Рене Фасел, дабири кулли Федератсиюни байналмилалии хоккей гуфт, ин фоҷиаи танҳо Русия ва дастаи Локомотив нест ва мураббиву бозигарони хориҷии онро ёдоварӣ кард, ки аз Канада, Белорус, Шветсия, Словакия ва Ҷумҳурии Чех буданд. Тими Локомотив барои бозӣ бо дастаи Динамо ба Минск парвоз мекард. Дар ин фоҷиа танҳо як халабон ва як бозигар зинда мондаанд, ки вазъи ҳарду ҳам бисёр вахим будааст.