Амалиёт дар Ҳумси Сурия аз сар гирифта шуд

Syria -- An armored vehicle stands outside the sandbagged police headquarters of the central city of Homs, 30Aug2011

Фаъолону сокинони Ҳумс (Homs)-и Сурия мегӯянд, нерӯҳои ҳукуматӣ ҳамла болои эътирозгарони сершумори ин шаҳри марказиро аз сар гирифта, чандин нафарро ба қатл расондаанд. Мухолифини ҳукумати президенти Сурия Башор ал-Асад мегӯянд, шаби гузашта садои тирпарронӣ ба гӯш расида, субҳи имрӯз нерӯҳои иловагӣ вориди Ҳумс шудаанд. Фаъолони шаҳри Ҳумс мегӯянд, мақомот мухобирот тариқи телефон ва интернетро қатъ кардаанд. То ҳол шумораи қурбониҳои ҳамлаи имрӯза маълум нашудааст. Хабарнигорони хориҷии муқими Сурия ҳақ надоранд дар бораи таҳаввулоти ин кишвар гузориш диҳанд.