Корвони нирӯҳои Қаззофӣ ба пойтахти Нигер расид

Дастикам як корвони нирӯҳои содиқ ба Муаммар Қаззофӣ вориди ҳамсоякишвари Нигер шудааст. Бино ба хабарҳо, то 50 мошин имрӯз ба Ниёмӣ, пойтахти ин кишвари Саҳрои Кабир расидаанд. Як мақоми гумруки Нигер гуфт, ки ин корвонро раҳбари хадамоти амнияти Қаззофӣ Мансур Даъо раҳбарӣ мекунад. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё кадоме аз хонаводаи Қаззофӣ низ дар ин корвон ҳаст ё на. Телевизиони Ал-Арабия аз қавли вазири хориҷаи Нигер Муҳаммад Базум гуфт, ки худи Қаззофӣ дар ин корвон нест. Сухангӯи Қаззофӣ Мӯсо Иброҳим ба телевизиони Аррайи Сурия гуфт, ки Қаззофӣ дар дохили Либия аст. Бо ин ҳол, мақомоти нави Либия мегӯянд, музокиротро бо раҳбарони қабоил ба хотири тасарруфи оромонаи Банӣ Валид, яке аз охирин пойгоҳҳои содиқ ба Қаззофӣ, идома медиҳанд.