ИА таъқиби баҳоиён дар Эронро маҳкум кард

Кетрин Эштон

ИА таъқиби пайравони мазҳаби Баҳоия дар Эронро маҳкум кард. Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон дар як баёния «аз мавҷи ахири боздошти мардуми баҳоӣ ва баста шудани маркази таълимии ҷамъияти баҳоиён дар Эрон изҳори нигаронии амиқ» кард.
Дар ин изҳорот аз Эрон даъват шудааст, ки «аз тамоми анвоъи табъизи ақалиятҳои мазҳабӣ худдорӣ кунад.»
Эрон ахиран Донишгоҳи миллии озодро, ки аз соли 1987 ба ҷалби профессорҳои барканоршуда барои тадриси ҷавонони баҳоӣ машғул буд, ғайриқонунӣ хонд. Дар моҳи май ҳудуди 14 ходими ин донишгоҳ дар Теҳрону Караҷва Шерозу Исфаҳон боздошт шуданд. Давлати Эрон ҷамъияти баҳоиёнро на мазҳаб, балки як созмони сиёсӣ дониста, ба ин далел эътирофи ин мардумро ба ҳайси ақалияти мазҳабӣ радд мекунад.