Пизишкон мегӯянд, кӯҳи намаки Хоҷамӯъмин дар ҷануби Тоҷикистон аз худ шуои зараровар ё худ радиатсия ихроҷ мекунад.
Сардардӣ, фишори баланди хун, камхунӣ, лоғарӣ, хоби аз меъёр бештар аз шумори бемориҳоеанд, ки аксари сокинони деҳоти зери кӯҳи намаки Хоҷамӯъмин бар асари ин шуои зараровар гирифторанд.
Сокинони оддии атрофии ин кӯҳ ин шуои зарароварро "вазнинӣ" унвон мекунанд. Ҷамолбӣ, як сокини деҳаи Оқмазори ноҳияи Ҳамадонӣ, 5 километр дуртар аз зери кӯҳи намак, мегӯяд: "Саҳар ба мушкил аз хоб бедор мешавӣ. Беморони фишори хун ҳам бисёр аст."
Бахтиёр Алиев, пизишки собиқадор мегӯяд, дар гузашта дар ин замина аз ҷониби олимони Шӯравӣ таҳқиқ анҷом шуда буд, вале ин таҳқиқ он замон ва то кунун расман ошкор нашудааст. Аммо ба гуфтаи ӯ, то соли 2005 дар маркази ноҳияи Ҳамадонӣ пойгоҳи низомии русҳо ҷойгир буд ва низомиёни рус ҳамеша барои эҳтиёт аз радиатсияи намак чораҳо меандешиданд. Инчунин, ҳукумати Русия барои низомиёни худ, ки дар ҷои аз лиҳози радиатсия зараровар хидмат мекарданд, изофапулӣ медодааст.
Ҷаноби Алиев инчунин гуфт: "Ин гапҳо дар замони Шӯравӣ низ буд. Худи ман ҳам солҳои дароз дар ҳамин деҳоти таги кӯҳи намак фаъолият кардам ва мушоҳида мекардам, ки назар ба сокинони қисмати дигари минтақа сокинони деҳоти зери ин кӯҳ бисёр ба бемориҳо мубтало мешаванд. Онҳо ҳамеша аз лоғарӣ, камхунӣ ва сардардии бардавом шикоят мекунанд. Баъд аз истиқлолият ягон санҷиш дар ин бора сурат нагирифтааст ва он санҷишҳои пештар низ ба мардум расонида нашудааст."
Ба гуфтаи пизишкон радиатсия ё худ шуои зараровар дар пайи расидани шуои офтоб ба намак ҳосил мешавад. Вале Абдулманнон Баротов, пизишки дигари беморхонаи марказии ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд, радиатсияи намак таъсири хатарбор ба саломатии сокинон надорад ва ин радиатсия дар баробари бархе аз осеби кам ба бадани инсон инчунин манфиатовар низ ҳаст.
Кӯҳи Намак дар минтақаи Кӯлоб аз бузургтарин кӯҳи табии намак дар дунё ном бурда мешавад. Ин кӯҳ бо захираи намаке, ки метавонад, садсолаҳои тамоми инсониятро бо намаки ошӣ таъмин намояд, дар миёнаи навоҳии Восеъ ва Ҳамадонии минтақаи Кӯлоб ҷойгир аст. Аммо то кунун афроди каме аз радиатсия ё худ шуои зараровар доштани ин кони бузург хабар доштаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад