Вазъи Аҳмад Қобил дар зиндони Машҳад бад шудааст. Ҳамсари ин донишманди мазҳабии Эрон мегӯяд, зимни аёдат аз ҳоли ӯ ба даҳшат омадааст. Аҳмад Қобил бо ҷурми таблиғи зидди низом ва тавҳин ба оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ба 20 моҳи зиндон маҳкум шуда, аз поёни моҳи июл ба адои ҳукмаш шурӯъ кард. Ӯ дар гузашта низ ба маҳзи интиқодоти тундаш аз низом чандин бор зиндонӣ шудааст.