WB буҳрон дар Аврупоро ҷиддитар медонад

Роберт Золлик

Раиси Бонки ҷаҳонӣ Роберт Золлик гуфт, иқтисоди Амрико зоҳиран вориди марҳалаи рушди кунд ва сатҳи баланди бекорӣ хоҳад шуд, вале хатари пасрафт таҳдидаш намекунад. Золлик дар Сингапур ба хабарнигорон гуфт, буҳрони қарзҳои Аврупо метавонад эътимоди харидорону сармоягузоронро замин кунад. Ӯ таҳдиди чолишҳо ба Аврупоро дар муқоиса бо Амрико «ногузиртар» номид.