Янукович: Украина Русияро ба додгоҳ мекашонад

Янукович ва ҳамтои русаш Медведев

Раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович гуфт, кишвараш дар садади ба додгоҳи байналмилалӣ кашондани Русия ба далели нақзи қарордоди газ аст. Янукович ба рӯзномаи «Коммерсант»-и чопи Маскав гуфт, «мавзеъи Русия комилан ғайриқобилиқабул аст.» Украина мехоҳад қарордоди газ бо Русия, ки ду сол пеш аз сӯи сарвазири собиқ Юлия Тимошенко имзо шуда буд, бозбинӣ шавад. Янукович гуфт, Украина ҳар сол барои газ ба «Газпром» 5-6 миллиард доллар пули изофӣ медиҳад ва агар боз 10 соли дигар газро бо чунин қимати баланд бихарад, 60 миллиард доллар пули изофӣ хоҳад дод, ки баробари 20 дарсади будҷаи ин кишвар аст. Ӯ хостори бозгашт ба қарордоди соли 2001 шуд.