Эрон дар пайи нашри матолиби интиқодомез дар бораи раиси ин ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинажод ду нашрияи ислоҳталабро баст. Хабаргузории расмии ИРНО мегӯяд, маҷаллаи «Шаҳрванди имрӯз»-ро ба далели нақзи қонуни матбуот бастаанд, аммо чопи рӯзномаи «Рӯзгор» ба далели нашри таблиғот муваққатан мутаваққиф шудааст. Ҳарду рӯзнома дар гузашта низ баста шуда буд. Аммо мавриди ахири масдуд шудани онҳо дар пешорӯи интихоботи ҷадиди парлумонист, ки Эрон моҳи марти соли оянда доир хоҳад кард.