Ҳалокати 7 нафар дар як сониҳаи нақлиётӣ

Раёсати БДА-и ноҳияи Данғара мегӯяд, шаби 5 сентябр бар асари як сониҳаи нақлиётӣ 7 тан ҷони худро аз даст додаанд. Ба қавли ин манбаъ, Малика Шералиева, Маҳбуба Шералиева, Эҳсон Шералиев, Фасон Шералиева, Абдуҷаббор Холмуродов ва Дилафрӯз Раҳматова, ки аз 2 то 40 сол син доштанд, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ҳамчунин дар ин пайи ин сониҳаи нақлиётӣ Баргӣ Исматова, Умед Шералиев ,Тоҷиддин Шералиев ва Баноз Шералиева ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистраӣ шудаанд.