Вазири Украина вуҷуди ришвахориро эътироф кард

Анатолий Моҳилёв, вазири умури дохилии Украина мегӯяд, аз вуҷуди фасод дар вазораташ хабардор аст, вале барои маҳви ин зуҳурот ҷанги беамон мебарад. Дар гуфтугӯи мустақим бо шунавандагони бахши украинии Радиои Озодӣ, Анатолий Моҳилёв эътироф кард, ки маъмурони милисаи Украина барои ифшои ҷиноят ва ё хотима додан ба парвандаҳои ҷиноӣ, аз роҳи шиканҷаву зӯр эътирофи муттаҳамонро ба даст меоранд. Ӯ афзуд, барои чунин бадрафторӣ ва нақзи ҳуқуқ садҳо нафар аз маъмурони милиса ҷазо гирифтаанд. Анатолий Моҳилёв ваъда дод, теъдоди нозирони роҳро, ки аз фосидтарин кормандони мақомоти интизомӣ дар Украина хонда мешаванд, кам хоҳад кард.