Дар Урдун як мардро ба қатли духтари бевааш айбдор кардаанд. Ӯ дар зоишгоҳ баъди дугоник таваллуд кардани духтараш ба сари ӯ тир холӣ мекунад. Мақомот мегӯянд, ин мард қатли ҳадафмандонаи духтарашро эътироф карда, гуфтааст, духтараш ба номи хонаводаи онҳо "иснод" овард. Зани кушташуда 4 сол боз бева будааст. Куштор дар Урдун ҳукми қатлро дар пай дорад, вале дар мавриди қатлҳои номусӣ ҳукм сабуктар аст, бавижа агар хонаводаи мақтул мухолиф набошад. Ҳар сол дар Урдун 15-20 зан бо дасти аъзои хонаводаи онҳо кушта мешаванд.