Фазои начандон идонаи нишасти ҷашнии СНГ

Раҳбарони аввали 8 кишвари шӯравии собиқ дар Душанбе аз 20 соли ҳамкории худ дар чорчӯби Иттиҳоди кишварҳои ҳамсӯд (СНГ) натиҷагирӣ карданд. Изҳороти ниҳоии нишасти Душанбе ба ҳалли сулҳомези низоъҳо ва ташкили минтақаи тиҷорати озод дар қаламрави СНГ даъват мекунад. Вале фазои ҳамоиш комилан ҷашнӣ набуд. Байни ҳайъатҳои Озарбойҷону Арманистон раддубадалҳои лафзие сурат гирифт ва ҳам дар ин нишаст 3 раҳбари аввали пасошӯравӣ – Ислом Каримов, Илҳом Алиев ва Аляксандр Лукашенка ҳузур надоштанд.
Мизбони нишаст – раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, то ҳол ҳама зарфиятҳои ин ниҳод истифода нашудааст. Ҳамтои руси ӯ Дмитрий Медведев низ гуфт, СНГ алтернатива надорад. Аммо дар маҳофил мегӯянд, аксари қарорҳои СНГ рӯи қоғаз мемонад.