Фаъолони Сурия мардумро ба тазоҳуроти нав даъват карданд

Бо вуҷуди саркӯби хунини тазоҳурот аз тарафи нерӯҳои давлати Сурия, фаъолони сиёсӣ дар ин кишвар мардумро ба тазоҳуроти бештар даъват кардаанд. Ин фаъолон гуфтаанд, “онҳо маргро назар ба тавҳин аз сӯи режими Башшор Асад” беҳтар медонанд. Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, аз замони оғози тазоҳурот аз миёнаҳои март то кунун нерӯҳои Сурия 2200 нафарро куштаанд. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, рӯзи панҷшанбе аз Аврупо ва дигар кишварҳо даъват кард, ба хотири маҷбур ба тарки ҳукумат кардани Башшор Асад, таҳримҳо алайҳи ҳукумати ӯро бештар кунанд. Вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо ҳамин рӯз дар Лаҳистон масъалаи эъмоли таҳримоти бештар аз ҷумла манъи воридот нафт аз Сурияро баррасӣ мекунанд.