Бозии футболи Тоҷикистону Узбакистон дар сомонаи "Озодӣ"

Имрӯз дар чаҳорчӯби даври саввуми бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон 2014 дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода бозии дастаҳои футболи Тоҷикистону Ӯзбакистон баргузор мешавад.

Дирӯз дастаи футболи Ӯзбакистон вориди Тоҷикистон шуд. Вадим Абрамов, мураббии дастаи Ӯзбакистон, ба хабарнигорон гуфт, ки ин сабқат шадид сурат мегирад, зеро дастаҳо, новобаста ба шароити молиявияшон, хуб бозӣ карданро омӯхтаанд. Мураббии дастаи мунтахаби Ӯзбакистон аз вазъи майдони варзишгоҳи «Металлург» ситоиш кардааст.

Бозии дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Ӯзбакистон ба таври мустақим фақат аз тариқи сомонаи интернетии Радиои Озодӣ пахш хоҳад шуд. Дирӯз шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон хабар доданд, ки ин бозиро ба таври мустақим пахш нахоҳанд кард.