Оғози соли нави таҳсил дар Тоҷикистон

Имсол дар рӯзи дониш, якуми сентябр, ҳудуди 160 ҳазор наврас барои аввалин бор мактаб рафтанд. Ҳамчунин дар ин рӯз дарси дониш бо иштироки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин дарс раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳоду мушкили донишҷӯёну устодонро шунид ва барои ҳалли баъзе аз ин мушкилҳо ба раҳбарони идораҳо супориш дод. Аммо соли нави таҳсил дар Тоҷикистон дар ҳоле шурӯъ мешавад, ки дар дар рӯзи аввали моҳи сентябр нишасту мулоқотҳои вижаи сарони кишварҳои ИДМ ва ҳамчунин таҷлили 20 солагии истиқлолияти ин кишвар баргузор мешавад. Теъдоде аз хонандагони мактаб ва донишҷӯёни донишгоҳҳо дар барномаҳои раҳпаймоии ин нишастҳо ширкат мекунанд. Бо таваҷҷӯҳ ба баргузории ин чорабиниҳо дар миёни ҷомеа ин сару садо паҳн шудааст, ки эҳтимол дорад таҳсил дар мадорис ва донишгоҳҳо дар шаҳри Душанбе, пас аз ҷашни истиқлол, яъне пас аз таърихи 9 сентябр оғоз хоҳад шуд.