Хабарнигори тоҷикро дар Душанбе латукӯб кардаанд

Хуршеди Атовулло аз хабарнигорони шинохта ва сардабири ҳафтаномаи “Фараж” мегӯяд, имрӯз афроди ношиносе ӯро башиддат латукӯб кардаанд. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, зимни ҳаракати мошинаш дар як маҳаллаи ғарбии Душанбе, як худрави дорои шумораи давлатӣ онҳоро таъқиб карда ва ӯву ҳамроҳонашро башиддат калтаккӯб кардаанд:“Бе ягон сабаб фуромаданд ва заданд, ҳеҷ чиз нагуфтанд. Як дастам дар хун оғушта аст, кафи ҳарду дастам хунолуд аст ва зарб хӯрдаст.” Хуршеди Атовулло ба мақомоти интизомӣ шикоят бурдааст ва мақомоти мазкур ҳанӯз ин қазияро шарҳ надодаанд.