Либия тавлидоти нафтро аз сар мегирад

Раиси нави ширкати нафти Либия Нурӣ Беруин дирӯз хабар дод, ки ҳафтаи наздик Либия истихроҷи нафтро аз сар мегирад. Ба гуфтаи ӯ, тайи 15 моҳи оянда ҳаҷми пешини тавлиди нафт барқарор хоҳад шуд.

То шурӯъи нооромиҳо дар моҳи феврал, Либия ҳар рӯз як миллиону 600 ҳазор бушка нафт тавлид мекард.