Пулиси Дания мегӯяд, имрӯз баъд аз адои намози иди Фитр бар асари тирандозӣ дар назди масҷиди Копенҳаген як нафар кушта ва дастикам якеи дигар маҷрӯҳ шудаанд. Сухангӯи пулис гуфт, даргирӣ дар ҳошияи масҷиде рух дод, ки аксари намозгузоронаш муҳоҷирони покистонианд. Шоҳидон гуфтаанд, тирандозӣ дар пайи баҳси ду гурӯҳи ҷавонон вақте рух дод, ки намозгузорон аз масҷид берун мерафтанд.