Нирӯҳои содиқ ба Муаммар Қаззофӣ дар ҷараёни набард бо чирикиҳо дар Мисрота ғолибан ба ҷиноёти ҷанг роҳ дода, аз ҷумла кӯдаконро ба ҳайси сипари зинда истифода бурдаанд. “Physicians for Human Rights”, як созмони ҳомии ҳуқуқ, мақараш дар Амрико, дар гузоришаш мегӯяд, сокинони маҳаллӣ дар бораи мавориди “қатлу шиканҷа, таҷовуз ба номус, тавқифи иҷборӣ ва ғайб задани афрод” хабар медиҳанд. Чирикиҳо Мисротаро дар моҳи май баъди 3 моҳи набард бо нирӯҳои Муаммар Қаззофӣ озод карданд. Ноиби мудири ин созмон Ричард Соллом ҳаводиси Мисротаро “мудҳиштарин мавориди то ҳол санадшудаи ҷиноёти ҷанг ва ҷиноёт алайҳи башарият” дар Либия номид.