Шӯрои маслиҳатии ришсафедони Туркманистон мехоҳад ба раиси ин ҷумҳурӣ Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов унвони расмии “Арқадағ”, яъне “Пуштибон”-ро эъто кунад. Ӯро алакай дар матбуоти давлатӣ ва дар ҷаласоти расмӣ бо ин унвон ном мебаранд. Ноиби раиси Шӯрои ришсафедон Мурод Қориев аз ин ниҳоди машваратӣ хостааст, то унвони Бердимуҳаммадовро расмӣ карда, маркази нави вилояти Ахалро, ки дар 40-километрии шарқи Ишқобод сохта хоҳад шуд, низ Арқадағ ном гузоранд. Қарор аст, тасмими ниҳоӣ дар ин маврид рӯзи 25 октябр дар иҷлоси солонаи Шӯрои ришсафедон дар пойтахт - Ишқобод тасвиб шавад. Раҳбари фақиди Туркманистон Сафармурод Ниёзов унвони расмии “Туркманбошӣ”-ро дошт.