Имрӯз сарвазири нави Ҷопон интихоб мешавад

Ёсихико Нода

Интизор меравад имрӯз парлумони Ҷопон раҳбари Ҳизби ҳукмрони демократӣ Ёсихико Нодаро сарвазири нави кишвар интихоб кунад.

Нода, ки алҳол вазири молияи Ҷопон аст, дар курсии сарвазирӣ Наото Канро иваз мекунад, ки ҳафтаи гузашта аз мақомҳои раиси ҳизб ва нахуствазир истеъфо дод.

Наото Кан барои коҳилӣ дар рафъи паёмадҳои заминдарзаи моҳи март ва садама дар нерӯгоҳи “Фукушимо” ҳадафи танқид қарор дошт.