Алан Крюгер иқтисоди Амрикоро наҷот медиҳад

Барак Обама ва Алан Крюгер

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, профессори донишгоҳи Принстон ва собиқ муовини вазири молия Алан Крюгерро раиси Шӯрои миллии иқтисодӣ таъин кард. Шӯрои миллии иқтисодӣ ниҳоди машваратӣ дар назди раисиҷумҳур аст, ки сиёсати иқтисодии кишварро муқаррар мекунад.

Алан Крюгер дар ин мақом Ҷин Сперлингро иваз хоҳад кард, ки камтар аз як сол ин курсиро ишғол намуд.

Интизор меравад, раиси нави Шӯрои миллии иқтисодӣ масъули таҳияи чораҳои мушаххас барои рушди иқтисоди Амрико хоҳад буд. Иқтисоди Амрико дубора дар вартаи ретсесия ё пастрафт қарор гирифтааст.

Қарор аст, ки Обама рӯзҳои наздик аз чораҳо барои ташкили ҷойҳои нави кор дар кишвар хабар диҳад.