Шӯришиёни Либия мегӯянд, Муаммар Қаззофӣ, ки маҳалли буду бошаш номаълум аст, ҳамоно ҳам аз дохил ва ҳам хориҷи Либия хатар эҷод мекунад.
Раиси шӯрои миллии гузор Мустафо Абдул Ҷалил аз НАТО даъват кард, ки пуштибонии шӯришиёнро идома диҳад. Дар ҳамин ҳол, фармондеҳони шӯришӣ гуфтанд, ки нирӯҳои онҳо ба шаҳри Сирт, зодгоҳи Қаззофӣ, ки дар 360-километрии шарқи Троблус ҷойгир аст, наздик омаданд.
Дар изҳороти созмони Human Rights Watch (Дидбони ҳуқуқи башар) гуфта шуд, ки воҳиди низомии таҳти раҳбарии яке аз фарзандони Қаззофӣ эҳтимолан масъули куштори даҳҳо боздоштшудаҳо дар як анбори Троблус аст. Ин созмон мегӯяд, як анбор, ки чун зиндон истифода мешуд, оташ зада шуд. Бар тибқи шаҳодати яке аз мардони наҷотёфта, Хамис, яке аз писарони Қаззофӣ рӯзи 23 август дар он анбор 150 зиндониро куштааст.