Як додгоҳи покистонӣ ҳукми мусодира шудани дороиҳои раиси ҷумҳурии пешин Парвиз Мушаррафро содир кард. Хабаргузории AFP дар нақли қавл аз Чодурӣ Азҳар гуфт, ки “додгоҳ ба мусодирашавии молу мулки Парвиз Мушарраф ва масдудшавии сурат-ҳисобҳои бонкии ӯро дар Покистон амр дод”. Парвиз Мушарраф, ки ҳоло дар Лондону Дубай ба сар мебарад, аз рӯи қазияи куштори собиқ нахуствазир Беназир Бҳутто дар соли 2007 мавриди пайгарди қонун қарор дорад. Додситонӣ дар қарори моҳи февралаш гуфтааст, ки Мушарраф ҳангоми бозгашти Бҳутто ба ватан амнияти комили ӯро таъмин накард. Ҳаҷми дороиҳои Мушарраф дар Покистон мушаххас нест.