Инфиҷори пурқурбонӣ дар масҷиди сунниҳои Бағдод

Шоми гузашта бар асари инфиҷор дар як масҷиди сунниҳо дар шаҳри Бағдод дасти кам 29 нафар кушта ва тақрибан 40 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Миёни қурбониёни ҳодиса вакили парлумони Ироқ Холид ал-Фаҳдавӣ низ ҳаст.

Бар пояи иттилоъи муқаддамотӣ, дар бузургтарин масҷи ди сунниҳо дар Бағдод як маргталаб худро мунфаҷир кардааст.

Аз ин пеш намояндаи СММ дар Бағдод Эд Мелкерт дар як мусоҳиба қабл аз хатми рисолати дусолааш дар Ироқ аз сӯи нерӯҳои амниятии маҳаллӣ таъмин шудани назорати авзоъро зери шубҳа бурд. Ӯ ҳадс зад, ки баъд аз хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ вазъ дар Ироқ нооромтар хоҳад шуд.

Бар пояи созиши миёни Бағдод ва Вошингтон ҳосилшуда, қарор аст, ки ҳама нерӯҳои амрикоӣ то охири соли равон Ироқро тарк намоянд.