Писари волии пешни Покистон рабуда шуд

Писари Салмон Тасир-волии пешини Покистон, ки моҳи январ барои мухолифаташ бо қонунҳои тавҳин ба муқаддасот кушта шуда буд, дар Лоҳур аз тарафи мардони мусаллаҳ рабуда шудааст. Саид Мумтоз-як мақоми расмии полис гуфтааст, “чаҳор нафар мошини Шаҳбоз Тасирро нигоҳ доштаанд, маҷбурӣ вайро ба мошини худ нишондаанд ва бо худ бурдаанд”. То ҳол касе масъулияти онро бар ӯҳда нагирифтааст. Бародари вай Шердор Тасир ба матбуот гуфтааст, ки хонаводаи онҳо аз Толибон ва гурӯҳҳои тундрав ҳар вақт таҳдид мегирифтанд.