Тоҷикон дар Русия. Тоҷдорони кӯчарӯб ва аробакаш

Ахиран бахши русии радиои Озодӣ барои муаррифии тоҷикон дар Русия як сӯҳбати мизи гирд анҷом дод.
Дар ин гуфтумон сӯҳбат аз фарҳанг, забон, иқтисод ва ҳам то андозае дар бораи пайдоиши вожаи “тоҷик”-у гузаштаи он буд. Дар сӯҳбат Эмил Паин, раҳбари Маркази мутолеоти сиёсӣ ва қавмҳову минтақаҳо ва Хуршедаи Даврондухт, раҳбари Маркази фарҳангии тоҷикон дар
Тоҷикон мардуми бадқаҳр нестанд. Аз як тараф мардуми содиқанд ва зуд ба боварӣ медароянд. Аз тарафи дигар, намехоҳанд, ба касе зарар расонанд...

Маскав ширкат доштанд.

Гардонандагии ин сӯҳбати мизи гирдро Игор Яковенко, корманди Радиои Озодӣ ба ӯҳда дошт ва нахуст аз Хуршедаи Даврондухт пурсид, вожаи “тоҷик” чӣ маъно дорад. Масалан, дар фарҳанги Брокгауз ва Эфрон омадааст, ки “тоҷик” маънии “тоҷдор”-ро дорад, зеро замоне ин миллат дар қаламрави густардае ҳукумат мекард. Ба ин қаламрав Бухорову Афғонистон ҳам дохил будаанд. Дар фарҳанги қадимии форсӣ гуфта мешавад, ки “тоҷик” мардуми таҳҷоӣ нест, балки аз қабилаҳои кӯчии турк аст. Дар баъзе фарҳангҳо “тоҷик” маънои “араб”-ро низ гирифтааст. Қадоме аз ин маъниҳо бештар ба воқеият наздик аст, хонум Даврондухт?

Хуршедаи Даврондухт: "Агар ба мантиқи ин вожа диққат диҳем, яъне ба вожаи “тоҷ”, дар он сурат маънии “тоҷик” тоҷдор аст. Бино ба навиштаи сарчашмаҳои таърихӣ, аз қарни нӯҳ ба ин сӯ “тоҷик” ба маънии номи як миллат истифода мешавад."

Гардонанда: Яъне тибқи таърих тоҷикон амалан дар Осиёи Марказӣ, дар бештари қаламраври он ҳукумат мекарданд?

Хуршедаи Даврондухт: "Манзур фақат ҳукумат кардан нест, балки таҳқиқоти донишмандон нишон медиҳад, ки тоҷикон мардуми бумии ин сарзамин будаанд, яъне таҳҷоӣ аз қадим. Вале таркиби аҳолии Осиёи Марказӣ аз ҳисоби мардуми кӯчӣ ҳамеша дучори тағйир шудааст. Муҳоҷират ё кучманчигӣ қарнҳо идома ёфтааст, барои ҳамин таркиби аҳолии Осиёи Марказӣ ҳоло гуногун аст ва акнун тоҷикон дар минтақа аксариятро ташкил намедиҳанд.

Гардонанда: Эмил Абрамович, вақте, ки дар бораи сарнавишти мардуми тоҷик андеша меронӣ, дармеёбӣ, ки ин миллати дорои фарҳангу тамаддуни бузург, миллате, ки шаҳрҳои афсонавӣ ва адабиёти олиро ба ҷаҳониён ба армуғон овардааст, бо тоҷике, ки имрӯз дар Русия муҳоҷири корист, комилан фарқ дорад, наметавонӣ гузаштаро бо эътибори имрӯзаи як тоҷики муҳоҷире, ки рӯбанда ё хидматгор кор мекунад, муқоиса намоӣ. Баъзе муҳоҷирон наметавонанд на танҳо ба забони русӣ, балки ба забони худ низ озодона сӯҳбат кунанд. Сабаб чист, бо ин миллат чӣ мегузарад?

Эмил Паин: "Далели ин, ки дар миёни
Эмил Паин

тоҷикони муҳоҷир шахсоне, ки ба кори ғайриҳирфаӣ машуланд, нисбат ба муҳоҷирони кишварҳои дигар бештаранд. Таҳқиқот инро собит сохтааст. Мо медонем, ки тамаддунҳои бузург, масалан, тамаддуни чиноӣ, тақрибан дар давоми 8 қарн аз қарни 12 то қарни 20 дар ҳошияи фарҳанги ҷаҳонӣ ва дар вазъи нимаистеъморӣ қарор дошт. Вале ҳоло дубора дар ҳоли нумӯъ аст. Баъзе тамаддунҳои машҳур, аз қабили тамаддуни Майя дар Амрикои Марказӣ аз байн рафтааст. Он чӣ ба Тоҷикистон иртибот мегирад, ба назари ман бо рӯйдодҳои ахири ин кишвар иртибот дорад, на бо таърихи қадим. Ин як доми лаънаткардаи захоири табиист, ки бисёре аз миллатҳо гирифтори он шудаанд, аз ҷумла мардуми Голландия. Тоҷикистон аз лиҳози захоири табиӣ сарватмандтарин кишвар дар Осиёи Марказист. Захоири ҳангуфти табиӣ дар зери замин пинҳон аст. Ин омил ҳамеша ба пешбурди ибтикороту рушди фарҳанг фишор овардааст. Истифода аз захоири табиӣ далели боздорандаи пешрафт буд. Чунин раванд дар давраи Шӯравӣ мушоҳида мешуд ва ҳоло ҳам идома дорад, бо вуҷуди он ки аз захоир хеле кам баҳрабардорӣ мешавад. Барои мисол, дар бахши нирӯи барқи обӣ фақат 5 дарсади захираҳо истифода мешавад. Далели дуввум ин аст, ки дар солҳои Шӯравӣ ду шаҳри бузургтарин ва ҷавҳарии тоҷикон ба ҷумҳурии дигар дода шуд. Ба назари ман, ин омилҳо дар маҷмӯъ ба рушди фарҳангӣ асар гузошт. Баъд аз он матраҳтарин мардуми шаҳрнишини минтақаи Осиёи Марказӣ ба мардуми деҳотӣ табдил ёфт. Ва саранҷом, ҷанги солҳои 1990, ки ба саропои рушди низоми фарҳангӣ асари манфӣ гузошт. На танҳо ҳазорон нафар кушта шуданд ва харобиҳо ба бор омад, балки шумораи зиёди фарҳангиён аз ҷумҳурӣ кӯч бастанд ва то ба ҳол пайомадҳои ин раванд эҳсос мешавад”.

Гардонанда: Хонум Хуршеда, ба назари шумо сабаб чист, ки ҳоло тоҷикон яке аз миллатҳое дар Русия ҳастанд, ки дар ҳама ҷо ҳуқуқи онҳо риоят намешавад? Ҳар сол садҳо нафар бедарак мешаванд, садҳо нафар кушта мешаванд, аз ҷумла ба дасти миллатгароҳо. Бо вуҷуди ин ҳама дарк мекунанд, ки ҳоло дар корҳои камарзиш ҳеҷ миллате дар чунин кор ҷои онҳоро намегирад.

Хуршедаи Даврондухт: "Шумо медонед, ин ҷо чанд сабаб ҳаст ва яке аз онҳо сабру таҳаммули ғайримаъмулии тоҷикон аст. Тоҷикон мардуми бадқаҳр нестанд. Аз як тараф мардуми содиқанд ва зуд ба боварӣ медароянд. Аз тарафи дигар, намехоҳанд, ба касе зарар расонанд. Агар касе ба хонаи
Хуршедаи Даврондухт

тоҷик ба меҳмонӣ равад, беҳтарин хӯрданиҳояшро барои меҳмон рӯи хони худ мегузорад. Ободтарин гӯшаи хонаи худ, беҳтарин либосу палоси хонаи худро дар ихтиёри меҳмон мегузорад. Ин дар замири ҳар тоҷик аст. Вале масъалаи дигар шумораи зиёди муҳоҷирони кории ғайриқонунист. Ба таври расмӣ 120 ҳазор нафаранд, гӯё шумораи ночиз аст. Вале дар асл, ҳатто гоҳо расмӣ ҳам мегӯянд, ки шумораи онҳо ба миллион нафар наздик аст, ҳатто бештар аз миллион аст. Агар сӯҳбат дар бораи чунин миқдор муҳоҷири ғайриқонунӣ дар миён бошад, чунин ҳолат ҳар инсонро дар вазъи осебпазир қарор медиҳад.”

Гардонанда: Эмил Абрамович, Чаро тоҷикон ин қадар хуб русӣ сӯҳбат мекунанд, бидуни аксент? Мушоҳида мешавад, ки агар тоҷик як сол дар Русия кору зиндагӣ кунад, русиро бидуни сакта ё лаҳҷа талаффуз мекунад?

Эмил Паин: "Ман фикр мекунам, ки тоҷикон пеш аз ҳама ба яке аз забонҳои ҳиндуевропоӣ гуфтугӯ мекунанд. Тоҷикон ягона миллати бузурги Осиёи Марказӣ мебошанд, ки забонашон ба хонаводаи забонҳои ҳиндуевропӣ дохил мешавад.Дар Қафқоз ҳам ҳамин тавр аст. Дар он ҷо ҳам ба забонҳои гуногун гуфтугӯ мекунанд, вале ба хонаводаи забонҳои ҳиндуевропоӣ намедароянд. Фикр мекунам, ки сабаб ҳамин аст."

Гардонанда: Ин нуктаи ҷолиб аст. Дар қадим тоҷикон аз кадом дин пайравӣ мекарданд? Маълум аст, ки аз қадим тоҷикон ба оташ саҷда меоранд. Намунаҳои он то ҳол боқӣ мондааст. Хонум Хуршеда, оё чунин расм аз падидаҳои фарҳангии мардуми тоҷик аст?

Хуршедаи Даврондухт: "Вақте, ки арабҳо сарзамини моро ишғол карданд ва ислом оварданд, онҳо муддатҳои тӯлонӣ талош карданд, решаҳои фарҳангии моро ва ҳамчунин суннатҳоеро, ки тоҷиконро бо таърих иртибот медод, бисӯзанд. Вале ба онҳо ин кор то ба охир муяссар нашуд. Масалан, натавонистанд Наврӯзро барҳам диҳанд, маҷбур шуданд бо он муросо кунанд. Ҳазорсолаҳо гузаштааст ва Наврӯз таърихи бештар аз 10-ҳазорсола дорад. Наврӯзро ҳамоно тоҷикону мардумони эронӣ ба унвони бузургтарин ҷашн таҷлил мекунанд. Наврӯз чӣ маънӣ дорад? Қабл аз ҳама баробарии шабу рӯз дар баҳор, эҳёи табиат ва амсоли он. Ин ҷашни Офтоб ҳам ҳаст. Рамзҳои шамсӣ яке аз унсурҳои аслии Наврӯз ба шумор меравад. Яъне ин яке аз намунаҳои ҳифзи эътиқодоти қадимӣ дар суннатҳои тоҷикон аст. Шояд дар зиндагӣ мушоҳида карда бошед, ки кӯдакон аз болои оташ мепаранд. Ин ҳамон рамзҳои шамсӣ ё офтобӣ дар фарҳанг аст."