Иттиҳодияи кишварҳои арабӣ имрӯз Шӯрои миллии гузори Либияро намояндаи машрӯъи мардуми ин кишвар эътироф кард, ки инро нишонаи дигаре аз омодагии кишварҳои ҷаҳон барои эътирофи ҳукумати нави шӯришиён дар Либия хондаанд. Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия баъди ишғоли қароргоҳаш дар рӯзи сешанбе ғайб зад ва НАТО гуфт, дар ёфтани ӯ ба шӯришиёни Либия кӯмак мекунад. Айни замон имрӯз дар Истанбул Гӯруҳи байналмилалии тамос ба баҳси сарнавишти ояндаи Либияро пардохт. Аҳмад Довудоғлу вазири умури хориҷаи Турки дар оғози ин нишаст гуфт: ""Ҳамаи мо аз таҳаввулоти инқилобӣ дар Либия хушҳолем ва ифтихор мекунем. Пирӯзиҳои низомии Шӯрои миллии гузори Либия алайҳи нерӯҳои Қаззофӣ дар шаҳри Троблус, мардуми Либияро ба ормонҳои наҷибашон, яъне “озодӣ, адолат, шараф ва демократия”, ки барояш меҷангиданд, наздик кард."
Шӯришиёни Либия хостаанд, Созмони Милал 5 миллиард доллар маблағҳои масдудшудаи ҳукумати Қаззофиро барои пардохти музди кор дар ниҳодҳои давлатӣ ва таъмини хадамоти аввалия дар ихтиёри Шӯрои миллии гузор қарор диҳад.