Руасои ҷумҳуриҳои Узбакистону Кореяи ҷанубӣ ба беш аз 20 қарордоди энержие имзо карданд, ки маблағи умумиаш 4,1 миллиард доллар баровард мешавад. Ин асноди ҳамкорӣ зимни боздиди дурӯзаи Лӣ Мюнг Пак аз Тошканд ба имзо расида, аз ҷумла коркарди кони бузурги гази Сургил ва таъсиси як корхонаи кимиёӣ дар Узбакистон бо 2,6 миллиард доллар сармоягузориро дар назар дорад. Лӣ Пак аз Узбакистон ба Қазоқистон рафт.