Фаронса ва чанд кишвари узви Шӯрои амнияти СММ тарҳи қатънома дар бораи дубора фаъол шудани ҳисобҳои бонкии ҳукумати Либия ва лағви таҳримҳо алайҳи ин кишварро таҳия мекунанд. Дар ин бора манбаъҳои дипломатӣ хабар доданд. Таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ алайҳи режими Муаммар Қаззофӣ равона шуда буданд.
Дар ҳамин ҳол дар Триполӣ ё Троблус, пойтахти Либия, бо вуҷуди забти қароргоҳи Муаммар Қаззофӣ аз сӯи ошӯбгарон, набардҳо идома дорад. Ба пояи хабарҳо, нерӯҳои вафодор ба раҳбари Либия баъзе минтақаҳои шаҳрро мушакборон мекунанд. Дар бораи макони буду боши худи Қаззофӣ алҳол иттилоъе зери даст нест.
Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё, имрӯз дар нишасти хабарӣ дар Лондон гуфт, ки "режими Қаззофӣ назорати бахши аъзами қаламрави Троблус ва кишварро аз даст додааст". "Ман фикр мекунам, ки ӯ бояд пахши изҳороти саропо ҳазёнро қатъ кунад ва бо он далел, ки дигар ба ӯ назорат аз болои кишвар муяссар нахоҳад шуд, муросо намояд. Ҳоло Қаззофӣ бояд ба нерӯҳои боқимондааш амр диҳад, ки амалиёти низомиро мутаваққиф кунанд", афзуд Вилям Ҳейг
Ба навиштаи хабаргузориҳо, айни ҳол дар ду шаҳри ҷанубии Либия, аз ҷумла, дар шаҳри Сабҳа, даргириҳо идома доранд.
Ошӯбгарон шаби душанбе вориди Троблус шуданд. Шӯрои миллии гузор, ниҳоди расмии ошӯбгарон, эълом дошт, ки рӯзҳои наздик дафтари худро аз шаҳри Бенгозӣ ба пойтахт мекӯчонад.