Набардҳо дар Триполӣ ё Троблус, пойтахти Либия, бо вуҷуди забти қароргоҳи Муаммар Қаззофӣ аз сӯи ошӯбгарон, идома дорад. Ба пояи хабарҳо, нерӯҳои вафодор ба раҳбари Либия баъзе минтақаҳои шаҳрро мушакборон мекунанд.
Дар бораи макони буду боши худи Қаззофӣ алҳол иттилоъе зери даст нест. Шоми дирӯз дар як паёми садоӣ, ки аз тариқи телевизион пахш шуд, Қаззофӣ эълом дошт, ки дар ихтиёри ошӯбгарон гузоштани қароргоҳ ва бахши аъзами Троблус як иқдоми тактикист. Дар ин паём ӯ ҳамчунин хост, ки "намояндагони қабоил аз Троблус ва дигар мавзеъҳо ва сокинони пойтахт, ки мансуб ба ягон қабила нестанд, макони зисти худ ва Троблусро озод кунанд".
Ба навиштаи хабаргузориҳо, айни ҳол ҳадди аққал дар ду шаҳри ҷанубии Либия, аз ҷумла, дар шаҳри Сабҳа, даргириҳо идома доранд.
Ошӯбгарон шаби душанбе вориди Троблус шуданд. Шӯрои миллии гузор, ниҳоди расмии ошӯбгарон, эълом дошт, ки рӯзҳои наздик дафтари худро аз шаҳри Бенгозӣ ба пойтахт мекӯчонад.